Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони НАТО имрӯз ба кор оғоз мекунад


Дар нишасти сарони паймони низомии НАТО, ки имрӯз дар Бухарест оғоз ба кор мекунад, қарор аст, масоили қабули 3 кишвари Мақдуния, Хорватия ва Албания ба узвияти ин паймон, пешниҳоди барномаи узвият ба Украинаву Гурҷистон баррасӣ шавад. Дар ҳоле ки Амрико аз ин пешниҳод ҳимоят мекунад, Олмону Фаронса мухолифи оғози раванди ба НАТо пайвастани Киеву Тифлис будаанд.

Рӯзи 3 апрел як ҷаласаи вижаи ин нишаст ба маъмурияти амниятии НАТО дар Афғонистон ихтисос хоҳад ёфт. Дар ин иҷлос, қарор аст, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай низ ширкат биварзад.

XS
SM
MD
LG