Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб як хонавода парронда шудааст


Дар деҳаи Сангпари ноҳияи Кӯлоб шоми 1-уми апрел як сокини маҳаллӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ҳамсари худ ва падару модар ва бародари ӯро паррондааст.

Ба иттилоъи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯлоб, аз оилаи Менгиқуловҳо, ки мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи домоди худ қарор гирифтаанд, ду нафар, аз ҷумла ҳамсари гумонбар ва бародари ӯ, дар маҳалли ҳодиса ҷон додаанд. Падар ва модари ин хонавода низ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд ва ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир ин қазия аз сӯи мақомоти амниятии маҳаллӣ таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG