Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав муборизаро бо муҳоҷирон тақвият медиҳад


Раиси маҷлиси вакилони шаҳри Маскав, Владимир Платонов, гуфт, агар Русия бо кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ режими раводид ҷорӣ накунад, шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Маскав ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир аз чаҳор як ҳисса ё наздик ба 3 миллион нафар аз аҳолии Маскавро муҳоҷирони ғайриқонунӣ ташкил мекунанд. Ба ақидаи Платонов, барномаи афви чунин муҳоҷирон натиҷа надод, зеро афвшудагон бояд дар байни як моҳ бо кори расмӣ ё таҳсил машғул шаванд вагарна ихроҷ мегарданд. Раиси Думаи давлатии Маскав эълон кард, ки то поёни сол дар ин шаҳр низоми нави сабтиноми мусофирон ҷорӣ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG