Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё хуруҷ аз Ироқро ба таъвиқ гузошт


Бритониё хуруҷи нерӯҳояшро аз Ироқ баъд аз нооромиҳои ахир дар Басра ба таъвиқ андохт. Қарор буд баҳори имсол аз 4 000 сарбози Бритониё дар ҷануби Ироқ аввалин бахши иборат аз якуним ҳазор нафар ба ватан хонда шаванд. Тадриҷан мебоист шумори нерӯҳои Бритониё дар Ироқ то 2 500 нафар коҳишдода мешуд. Вазири дифоъи Бритониё, Дез Браун гуфт, ҳоло маълум мешавад, шумори сарбозон бояд дар сатҳи пештара нигоҳ дошта шавад.
XS
SM
MD
LG