Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба Бухарест ташриф овард


Имрӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш барои ширкат дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони Нато вориди шаҳри Бухарести Руминия шуд.
Нишаст рӯзи чоршанбеи 2-уми апрел ифтитоҳ ёфта, рӯзи 4-уми апрел анҷом меёбад. Пешбинӣ мешавад, ки дар нишаст Албания, Македония ва Хорватия даъватномаи узвияти Наторо дарёфт хоҳанд кард. Дар мулоқоти Бухарест ҳамчунон имкони даъвати Украина ва Гурҷистон барои ширкат дар барномаи дастуруламали вуруд баҳс мешавад. Ин барнома қадами аввал дар узвияти Нато ба шумор меравад.
Рӯзи сешанбе ҳангоми зиёрат аз Киев Ҷорҷ Буш гуфт, ки аз кӯшишҳои Украина барои узвият дар Нато пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG