Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба Афғонистон сарбози иловагӣ мефиристад


Сарвазири Фаронса мегӯяд, шояд ин кишвар чандсад сарбози тозанафасашро ба Афғонистон фиристад. Дар парламенти Фаронса Франсуа Филон гуфт, ки сарбозони иловагӣ дар мубориза бо Толибон ва тамрини артиши афғон кумак хоҳанд расонд. Феълан 1500 афсару сарбози фаронсавӣ дар чорчӯби нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) таҳти фармондеҳии паймони Нато ифои вазифа мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳафтаи равон дар ҷараёни мулоқоти солонаи раҳбарони кишварҳои узви Нато дар Бухарест президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар ин бора тафсилоти бештар медиҳад.
XS
SM
MD
LG