Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар Зимбабве мухолифин пирӯз хоҳанд шуд?


Беш аз нисфи варақаҳои интихоботи парламентии Зимбабве, ки то ҳанӯз ҳисоб шудаанд, аз рақобати наздики мухолифин ва ҳизби ҳоким шаҳодат медиҳанд. Феълан ҳизби президент Роберт Мугабе соҳиби 64 курсӣ ва мухолифин соҳиби 67 курсӣ шудаанд. Сарнавишти 79 курсии боқимондаи парламент то ҳол маълум нест.
Дар мавриди интихоботи президентӣ бошад, то кунун иттилое пахш нашудааст. Овоза зиёд аст, ки барои ташхиси номзади пирӯз баргузории даври дуюми интихобот зарур хоҳад шуд ва дар он раисҷумҳури кунунӣ Роберт Мугабе бо номзади мухолифин Морган Тсвангирай сабқат хоҳанд кард.
Дар шаҳри Париж вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз комиссияи марказии интихоботи Зимбабве даъват карданд, ки ба зудтарин фурсат натиҷаи интихоботи рӯзи шанберо эълон кунад.
XS
SM
MD
LG