Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми имрӯз дар Бухорест, пойтахти Руминия нишасти навбатии сарони 26 кишвари узв дар Паймони Атлантики Шимолӣ оғоз меёбад

Дар ҳоле ки кишварҳои НАТО ба арзёбии имкони узвияти Украинаву Гурҷистон дар ин паймон омодагӣ мегиранд, президенти ИМА замони боздидаш аз Киев бори дигар таъкид кард, ки кӯшишҳои раҳбарони ин кишвар барои вуруд ба НАТО-ро дастгирӣ мекунад.
Дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар баробари даъвати номзадҳои эҳтимолӣ ба паймон тавсиъаи ҳузури NATO дар Афғонистон ҳам баҳс хоҳад шуд.
Имрӯз раҳбарони укроинӣ президенти ИМА Ҷорҷ Бушро бо ифтихор қабул карданд. Дар ҷараёни аввалин зиёрати президент Буш аз Киев ва мавзӯъи асосии мулоқоти ӯ бо раҳбарони рӯбағарби укроинӣ талош барои узвияти ин кишвар дар НATO буд.
Ҷорҷ Буш дар нишасти муштарак бо президенти Укроин Виктор Юшенко гуфт, ки ӯ аз кӯшишҳои ин кишвар барои узви НATO шудан пуштибонӣ мекунад: " Дирӯз дар майдон байрақҳои сурх зиёд буданд, вале набояд дар паси он шарҳеро ҷустуҷӯ кард. Баҳси ҷолиб ҷараён дорад ва дар ҳар кишвар ба ман мегӯяд, Русия ҳақ надорад ба қарорҳои НATO вето гузорад".
Президенти ИМА бо арзи сипос гуфт, Укроин ягона кишвар аст, ки сарфи назар аз надоштани узвият, NATO-ро ҳам дар Афғонистон, ҳам дар Косово ва ҳам дар Ироқ пуштибонӣ мекунад. Ӯ илова кард, ки кишвараш ҳозир аст барои Украина барномаи дастуруламали вурудро таҳия кунад.
Зимнан, Гурҷистон ҳам монанди Укроин умед дорад, дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои NATO, ки 2 – 4-уми апрел дар Бухарест, пойтахти Руминия, баргузор мешавад, даъватномаи узвияти барномаи хосси паймонро касб хоҳад кард.
Вале худи дастуруламали вуруд (MembershipActionPlan) кафолат намедиҳад, ки кишвари онро дастраснамуда сад дарсад узви NATO хоҳад шуд.
Дар суҳбат бо родиюи «Озодӣ» Аластаир Камерон, шореҳи пажӯҳишгоҳи салтанатии Бритониё оид ба дифоъ ва амният, гуфт: "Дастуруламали вуруд ва ё MAP (MembershipActionPlan) меъёре мебошад, ки кишвар бояд дар соҳаҳои низомӣ ва ҳамчунон демокративу сиёсӣ татбиқ кунад. Ба ваҷҳи умум, ислоҳот бояд дар соҳаи низомӣ татбиқ шавад, то он ба меъёрҳои феълии кишварҳои узви ин паймон мутобиқат кунад. Аз он муҳити иҷтимоъиву сиёсии кишвар ҳам нафъ мебардоранд".
Кишварҳои дастраснамудаи дастуруламали вуруд бояд ҳар гуна баҳсҳои қавмиву марзиро рафъ намоянд, то баъдан ин мушкили тамоми аъзои паймони NATO набошад. Солҳои гузашта Албания, Македония ва Хорватия чунин дастуруламал гирифта буданд. Шояд дар Бухарест ин кишварҳо ба узвияти комил дар NATO даъват шаванд. Вале шореҳон тахмин мекунанд, ки Юнон бо тақозои тағйири номи Македония ба узвияти ин кишвар мухолифат мекунад. Македония ва ё Мақдуния таърихан номи яке аз вилоятҳои Юнон аст ва мақомоти ин кишвар намехоҳанд, ки Югославияи собиқ соҳиби ин номи таърихӣ бошад.
Дар ҳамин ҳол, шореҳон пешбинӣ мекунанд, ки дар нишасти Бухарест президенти ИМА аз кишварҳои узви паймон ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистонро дархост хоҳад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои аъзои ин паймони низомӣ, ба монанди Олмон, Испания, Италия, Туркия, шумори зиёди сарбозонашонро ба Афғонистон фиристодаанд, вале аксаран нерӯҳояшонро дар манотиқи ором нигаҳ медоранд.
Вазири дифоъи Афғонистон Абдураҳим Вардак изҳор намуд, ки дар Бухарест намояндаи ҳукумати Афғонистон аз кишварҳои узви НATO тавсиъаи кумак тақозо мекунад, то дар дарозмуддат артиши Афғонистон худ аз уҳдаи таъмини амният барояд.
Ҳоло нерӯҳои ISAF (нерӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон) аз 43 000 афсару сарбози 40 кишвари олам иборат буда, таҳти сарварии NATO қарор доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки фармондеҳии ISAF мегӯяд, ки барои пешбурди муваффақонаи амалиёт дар Афғонистон боз ба 7 000 низомии дигар эҳтиёҷ доранд.
XS
SM
MD
LG