Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса ва Олмон ҷонибдори мизбонии ҷашнвораи Нато


Фаронса ва Олмон мехоҳанд соли оянда муштаракан мизбони нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони Нато бошанд. Соли оянда 60 солагии Нато таҷлил мешавад. Сухангӯи ҳукумати Олмон Улрих Вилҳелм мегӯяд, ду кишвар мехоҳанд нишасти соли ояндаро дар шаҳри Кели Олмон ва Страсбурги Фаронса доир намоянд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки президенти Фаронса Николас Саркозӣ ва кантслери Олмон хонум Ангела Меркел ин пешниҳодро ҳафтаи равон дар нишасти солонаи раҳбарони Нато дар Бухарести Руминия матраҳ мекунанд.
Кел ва Страсбург дар ду соҳили рӯди Рейн дар масофаи ҳамагӣ чанд километр аз ҳамдигар қарор доранд.
XS
SM
MD
LG