Пайвандҳои дастрасӣ

Як бор ҷастӣ, малахак, ду бор ҷастӣ, малахак.....


Полиси афғон мегӯяд, фармондеҳи Толибон, ки ду дафъа аз зиндон фирор карда буд, бори сеюм дастгир шуд.
Раиси полиси вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон Муҳаммад Ҳусейн Андивол изҳор намуд, ки мулло Нақибуллоҳ рӯзи душанбе дар ҳамин устон ба ҳабс гирифта шуд. Андивол афзуд, ки Нақибуллоҳ ва пайравонаш либоси полис дар тан дар наздикиҳои маркази Ҳилманд: шаҳри Лашкаргоҳ болои як посгоҳ ҳамла карданд, ки натиҷаи он се ҷангҷӯй ба қатл расиданд. Ду моҳ пеш Нақибуллоҳ аз маҳбаси Лашкаргоҳ ва пеш аз он аз маҳбаси Кобул фирор карда буд.
XS
SM
MD
LG