Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: “Бадр” ё Садр?


Як ҳафта пеш, замоне, ки сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ба артиши кишвар барои поксозии шаҳри Басра аз афроди, ба гуфтаи ӯ, ҷиноӣ амр мекард, мавқеъи ӯ собит ва оштинопазир ба назар мерасид. Ал-Моликӣ мегуфт, ки таъмини амният дар Басра, ки бандари аслии Ироқ ва маркази содироти нафт маҳсуб мешавад, аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумати марказист. “Мо ин иқдомро то охир пай мегирем ва бидуни бозгашт ва бидуни музокирот”, - изҳор карда буд раиси ҳукумати Ироқ.

Маҳз ба ҳамин хотир ӯ худ ба Басра рафт ва гуфт, ки то поёни амалиёти низомӣ алайҳи “Артиши Имом ал-Маҳдӣ” – гурӯҳи таҳти фармони Муқтадо ас-Садр дар ин шаҳри ҷанубӣ хоҳад монд. Ва аммо баъд аз шаш рӯзи набардҳо ва густариши ин низоъ ба дигар шаҳрҳои кишвар, Нурӣ ал-Моликӣ аз пешниҳоди Муқтадо ас-Садр барои хатми хушунат истиқбол кард.

Ҷуст Ҳилтерман, коршиноси масоили Ироқ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронҳо мегӯянд, ки задухурдҳои ахир барои ду гурӯҳи сиёсии шиаҳо имтиҳони неру гардид. Ва аммо идомаи ин низоъ боиси дарди сари нави Вошингтон дар Ироқ хоҳад шуд ва ин ҳам дар ҳоле, ки амрикоиҳо дар мубориза бо мусаллаҳони “ал-Қоида” муваффақ буданд ва интизор доштанд, ки ин комёбиро ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ тақвият мебахшад.

Ҳилтерман мегӯяд, ки аз ибтидои шурӯъи задухурдҳо дар Басра рушан буд, ки он аҳдофи сиёсӣ дорад. Гуфта мешавад, ки дар Басра теъдоди низомиёни ҳукуматӣ андак буд ва аз ин рӯ ҳарбиёни “Бадр” ба сафи ин неруҳо пайвастанд. Ва аммо бо гузашти вақт рушан шуд, ки 28 ҳазор низомиёни ҳукуматӣ ҳатто бо кумаки ҳавопаймоҳои низомии Амрико барои шикасти мусаллаҳони Муқтадо ас-Садр қодир нестанд.

Ҳилтерман ҳадс мезанад, ки пешниҳоди хатми хушунат шояд бо ибтикори Эрон ба миён гузошта шудааст, ки миёни ин ду гурӯҳи бузурги сиёсии Ироқ миёнаравӣ мекунад. Теҳрон ҳам бо Шӯрои Олӣ ва ҳам бо ҷунбиши ас-Садр робита дорад ва мехоҳад, ки шиаҳо қудратро дар Ироқ зери даст дошта бошанд ва баъди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз кишвар волояти онҳо аз болои сунниҳо ва курдҳо таъмин бошад.

Гуфта мешавад, ки дар амалиёти низомӣ дар Басра ва бар асари задухурдҳои ба думболи он дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо ба вуқуъ пайваста дар маҷмӯъ 359 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳилтерман меафзояд, ки барои таҳти назорат доштани Басра боз як гурӯҳ талош дорад - гурӯҳи Фазлоллоҳи пуштибон аз волии вилоят Муҳаммад Ваелӣ. Ва аммо ин гурӯҳ, ки ширкати нафтиро таҳти назорат дорад ва аз фурӯши нафти қочоқӣ даромади зиёдро соҳиб мешавад, ба даргириҳо ворид нашудааст.

Коршиносон мегӯянд, сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ барои намоиш додани худ чун чеҳраи неруманд барои таъмини амният ва аз байн бурдани фасод дар Ироқ талоши зиёд кардааст, Ва аммо, меафзоянд онҳо, пуштибониии ӯ аз Шӯрои олии инқилоби исломии Ироқ ва мухолифаташ бо Муқтадо ас-Садр ин чеҳраро доғдор кардааст. Аз сӯи дигар, интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ дар тирамоҳи соли равон нишон хоҳад дод, ки гурӯҳҳои мухолифи шиаҳо барои тақсими қудрат тасмим хоҳанд гирифт ваё барои соҳиб шудан ба қудрати ҳарчӣ бештар. Ва ин тасмим то куҷо тулонӣ будани роҳи субот дар Ироқро рушан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG