Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав конфаронси сулҳи Ховари Миёнаро сарнавиштсоз номид


Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, Виталий Чуркин гуфт, конфаронcи cулҳи Ховари Миёна дар Маскав ба талошҳои дастёфт ба мусолиҳа миёни Исроил ва фаластиниҳо то поёни имсол кӯмак хоҳад кард. Нозири фаластиниҳо дар Созмони Милал Риёз Мансур ин нишастро, ки бояд дар моҳи июн барпо шавад, "бениҳоят зарурӣ ва таъҷилӣ" номид. Аммо сафири Исроил дар Созмони Милал Дан Гиллерман аз чунин нишаст дар Маскав ном набурд.
XS
SM
MD
LG