Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Буш ба узвияти Гурҷистону Укроин дар НАТО


Тазоҳуроти зидди сафари Буш дар Киев, 31-уми марти соли 2008.
Тазоҳуроти зидди сафари Буш дар Киев, 31-уми марти соли 2008.

Дар ҳоле ки президенти Иёлоти Муттаҳида ба наздикии бештари Киеву Тифлис бо НАТО талош мекунад, Русия нороҳатии худро пинҳон намедорад.

Ҳанӯз хеле пеш аз нишасти сарони кишварҳои НАТО дар Бухорести Руминия ва махсусан дар робита ба хостаҳои Гурҷистону Укроин ба узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ Русия мухолифати шадиди худро ба густариши НАТО эълон кардааст.

Маскав ин пешрафти паймонро таҳдиде ба амнияти милли худ номидааст. Аммо бо ин низ президенти Русия Владимир Путин дар ин нишаст ҳайси меҳмони ифтихорӣ ширкат хоҳад кард. Вай инчунин дар нишасти кумисюни НАТО ва Русия аз кишвари хеш намояндагӣ хоҳад кард.

Коршиносон бар инанд, ки дар чунин пасманзар равобити Маскаву НАТО дар вазъи сангине қарор дорад. Владимир Литовкин мегӯяд, "имрӯз ин шояд давраи мушкилтарини муносибатҳои Русия ва НАТО мебошад. Ва сабаб на танҳо шубҳаву иштибоҳи Русия аст, балки дар мавзеъгирии НАТО низ, ки на ҳамеша мустақил набуда, аз сиёсати Иёлоти Муттаҳида дунбол мекунад, ки дар симои Русия агар душманро набинад, рақиберо мебинад, ки то рафт қавитар мешавад."

Президенти ояндаи Русия Дмитрий Медведев низ мегӯяд, вазъи пиромуни Гурҷистону Укроин барои сохтори мавҷудаи амниятии Аврупо нигаронкунанда аст. Русия тарҳи бунёди сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чехро низ дар ҳамин пасманзар баррасӣ мекунад ва барои худ хатарнок меномад.

Аммо коршиносони дигар бар инанд, ки нороҳатии Русия манбаъи дигар дорад. Ба гумони сардабири маҷаллаи интернетии "Ежедневний журнал" Александр Голтс мушкил хосияти ҳарбӣ надорад, балки аз сиёсати хориҷии Русия ё дақиқтараш аз рӯҳу равони ин сиёсат сарчашма гирифтааст:

Голтс мегӯяд, "талоши Гурҷистону Укроин ба узвият дар НАТО ин пеш аз ҳама як торсакие ба рӯи чунин сиёсати хориҷист. Ду кишвар арзишҳои комилан дигареро интихоб карданд. Онҳо мехоҳанд ба ҷомеаи Атлантики Шимолӣ бипайванданд ва намехоҳанд, ба хотири энержии арзон барои нақши бародарони кӯчак ба сабқат оянд."

Голтс ин ҳолатро шикасти сиёсати хориҷии Русия меномад, зеро Путин вақте ки ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия нишаст гуфта буд, равобит бо ҳамсоягони наздикашро беҳтар хоҳад кард. Дар амал ҳолати баракс рӯй дод. Инқилобҳои рангин раҳбаронеро сари кор оварданд, ки ояндаи кишвари худро бо Русия намедонанд. Ин шикаст аст, ки Маскавро нороҳат мекунад.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи хабаргузориҳо президенти Русия, Владимир Путин дар нишасти Бухорест қарор аст, нутқе эрод кунад, ки оҳанги оштиомез дошта бошад.
XS
SM
MD
LG