Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия мехоҳад дар Косово интихобот барпо кунад


Сербия мегӯяд, интихоботи порлумонӣ ва маҳаллии 11-уми майро дар Косово низ баргузор хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Косово ба таври якҷониба истиқлолияти худро аз Сербия эълон кардааст. Маъмурияти Созмони Милал, ки Косоворо идора мекунад, ба ин тарҳ мухолиф аст, аммо вазири Сербия дар умури Косово, Слободан Самарҷич мегӯяд, интихобот дар маҳалҳои сербнишини Косово ҷараён хоҳад гирифт. Аҳолии серби Косово наздик ба 10%-и 2 миллион сокини онро ташкил медиҳад, ки асосан албанитабор мебошанд.
XS
SM
MD
LG