Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии парвандаи президент ва сарвазири Туркия дар додгоҳ


Додгоҳи қонуни асосии Туркия ризоият дод, ки иттиҳомоти алайҳи ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиро баррасӣ кунад. Додситони аршади Туркия 71 узви ин ҳизб, аз ҷумла сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раиси ҷумҳури Туркия Абдулло Гулро муртакиби фаъолиятҳое донист, ки низоми дунявии Туркияро дар хатар гузоштаанд. Вай талаб кард, айбдоршавандагон барои панҷ сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум шаванд. Сарони ҳизб ин айбномаро рад карданд ва онро талоши рахна задан дар мардумсолории Туркия номиданд. Ин моҷаро сабаби тафриқа дар ҷомеаи Туркия шуда, хатари беназмиҳои сиёсиро ба миён овардааст. Иттиҳоди Аврупо аз талошҳо дар Туркия интиқод кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG