Пайвандҳои дастрасӣ

Чад шаш ходими хайрияи маҳкумшударо афв кард


Президенти Чад Идрис Дебӣ шаш ходими созмони хайрияи фаронсавиро, ки дар моҳи декабр бо ҷурми кӯшиши ғайриқонунӣ берун бурдани 103 кӯдак ба ҳашт соли корҳои вазнин маҳкум шуда буданд, афв намуд. Моҳи октябр созмони хайрияи фаронсавӣ эълон кард, ки кӯдакон аксаран ятимон аз минтақаи Дорфури Судон мебошанд ва онҳоро дар Фаронса ба фарзандӣ қабул мекунанд. Вале тафтиш собит кард, ки кӯдакон ятим нестанд ва аксаран сокинони Чад ҳастанд. Бар пояи мувофиқат бо ҳукумати Фаронса Чад мувофиқат карда буд, ки шаш ходими созмон мӯҳлати ҳабсро дар зиндонҳои Фаронса сипарӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG