Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар арафаи сафари Буш ба Украина


Имрӯз пеш аз вуруди президенти ИМА Ҷорҷ Буш ба Киев дар майдони Истиқлоли пойтахти Украина чандин ҳазор нафар бар зидди ИМА ва Нато гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуданд.
Эътирозгарон тимсоли президент Бушро оташ зада, шиорҳои зиддиамрикоӣ замзама мекарданд.
Ин раҳпаймоиро ҳизби коммунист, сотсиалист ва дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Украина ташкил кардаанд.
Ҳукумати ғарбгарои Украина умед дорад, ки ҳафтаи равон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Нато дар Бухарест Украинаро ба барномаи мушорикат баҳри узвият дар ин паймон даъват мекунанд. Вале дар назархоҳиҳо аксари аҳолии ин Украина бар зидди узвият дар Нато овоз додаанд.
XS
SM
MD
LG