Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ҷонибдори таҳкими раванди сулҳи Ховари Миёна


Имрӯз бо ҳадафи бахшидани нерӯ ба раванди сулҳи Ховари Миёна котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс бо раҳбарони ҳайъатҳои музокиракунандаи исроилиҳову фаластиниҳо вохӯрд.
Ибтидо Райс дар Байтулмуқаддас бо сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ва сипас дар Урдун бо раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос дидору гуфтугӯ дошт.
Дар нишасти муштарак бо Аббос Райс гуфт:
"Мо ҳамоно мавқеи амрикоро таъкид мекунем, ки бунёди маҳаллаҳо ва тавсеаи қаламрав бояд мутаваққиф гардад. Дар амал ин иқдом мухолифи харитаи роҳ аст."
Ҷонибҳо ӯҳдадор шуда буданд, ки то охири соли равон созиши ниҳоии сулҳро ба имзо мерасонанд, вале сарфи назар аз оғози музокирот дар моҳи ноябри гузашта раванди сулҳи Исроилу фаластиниҳо пешрафти назаррасе ҳосил накардааст.
XS
SM
MD
LG