Пайвандҳои дастрасӣ

Зинаида Гресианий сарвазири нави Молдова


Парламенти зери назорати коммунистони Молдова бо пешниҳоди президент Владимир Воронин хонум Зинаида Гресианий собиқ вазири молияро ба ҷои Василей Тарлев дар мансаби сарвазири Молдова тасдиқ кард.
Моҳи равон Тарлев аз мансаби сарвазир истеъфо дода буд. Молдова яке қашшоқтарин кишварҳои Аврупо мебошад, ки солҳои тӯлонӣ бо ҳалли низоъ бо минтақаи ҷудоихоҳи назди рӯди Днестр пойбанд аст.
XS
SM
MD
LG