Пайвандҳои дастрасӣ

"Парвоз" аз Иморот баргашт


Қаҳрамонҳои каратэи Тоҷикистон

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи каратэ-кёкушинкан дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони дастаи «Тоҷиктелеком» хотима ёфт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ аъзои ин даста – Исмоил Назаров дар вазни то 60 кг, Аскар Кароматов (то 65 кг), Икром Назаров (то 70 кг) ва Зубайдулло Саъдуллоев (беш аз 75 кг) - ғолиб омада, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Варзишгари шаҳри Исфара Шавкат Дадабоев дар вазни то 75 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

А.Собиров – қаҳрамони мутлақи мусобиқаи армреслинг

Амришер Собирови душанбегӣ қаҳрамони мутлақи мусобиқаи наврузӣ оид ба армреслинг ё дастхобонӣ гардид.

Ин мусобиқаи анъанавӣ дар шаҳри Душанбе барои шашумин бор бо ширкати беш аз 50 варзишгар баргузор шуд. Дар сабқати мардон Наҷмиддин Ҳайдаров дар вазни то 60 кг, Сироҷ Азизов (то 70 кг), Парвиз Муродов (то 90 кг) ва Амришер Собиров (беш аз 90 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Барои унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқа 10 нафар талош варзиданд. Амришер Собиров дар сабқати ниҳоӣ бар Сироҷ Азизов пирӯз шуда, барои севумин бор соҳиби ин унвон гардид.

Сабқати занон дар ду вазн сурат гирифт. Сокина Мӯҳсинзода дар вазни то 50 кг ва Парвина Сурхакова дар вазни то 60 кг ғолиб шуданд.

Натоиҷи бозиҳои санҷишии «Парвоз» дар АМА

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб бо тимҳои машҳури ин кишвар се бозии санҷишӣ анҷом дод.

«Парвоз» нахуст аз тими «Ал – Шабоб» бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд. Бозии дуввуми футболистони тоҷик бо дастаи «Ал-Шарҷа» бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. «Парвоз» дар севумин дидори худ бар тими «Ал-Айн» бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард.

XS
SM
MD
LG