Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба Аврупо сафар мекунад


Имрӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш зиёрат аз мамолики Аврупоро оғоз мекунад, ки дар чорчӯби он дархости кумаки бештари кишварҳои узви Нато дар Афғонистон мадди назар гирифта шудааст.

Ҳамчунон президент Буш тасмим дорад, бо президенти Русия Владимир Путин, ки моҳи май аз сари қудрат дур мешавад, мулоқот намояд.

Шоми имрӯз дар Киев Ҷорҷ Буш аз кӯшиши узвияти Украина дар Нато пуштибонӣ хоҳад кард.

Сипас аз 2-ум то 4-уми апрел раисҷумҳури ИМА дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Нато дар Бухарест ширкат варзида, кишварҳои муттафиқро ба ирсоли сарбозону муҳимоти иловагӣ ба Афғонистон ташвиқ хоҳад кард.

Дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Нато тавсеаи паймон ба самти шарқ ва бунёди сипари зидди мушакии ИМА дар Аврупои Марказӣ баҳс мешавад. Ин масъалаҳо равобити ИМА ва Русияро бо сардӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Дар нишасти Бухарест президентҳои Русия ва Украина ҳузур хоҳанд дошт.

Баъди мулоқоти Бухарест Ҷорҷ Буш ба Хорватия сафар мекунад. Билохира 6-уми апрел Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин дар шаҳри Сочии Русия як ба як вомехӯранд.
XS
SM
MD
LG