Пайвандҳои дастрасӣ

Марги ду сарбози Британия ва се афғон


Бар асари таркиш дар ҷануби Афғонистон ду сарбози Британия ба ҳалокат расиданд.
Вазорати мудофиаи Британия мегӯяд, ҳангоми гашт (патрул) дар минтақаи Каҷакии вилояти ноороми Ҳилманд воситаи нақлиёти сарбозон бо ҳамла мувоҷеҳ гашт. Ҳар ду аз ҷароҳатҳо дар бемористон ҳалок шуданд.
Мақомоти Британия ҳамчунин иттилоъ додаанд, ки сар аз соли 2001-ум то имрӯз дар Афғонистон 91 низомии Британия ба қатл расидаанд.
Манбаъҳои афғон хабар медиҳанд, ки имрӯз дар вилояти Қандаҳор дар натиҷаи таркиши бомби канори роҳ се муҳофизи афғони як ширкати хусусӣ ба қатл расиданд
XS
SM
MD
LG