Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Молдова имрӯз тасвиб мешавад


Интизор меравад, имрӯз парлумони Молдова кобинаи нави вазирони ин кишварро тасвиб кунад. Сарвазири пешини Молдова Василе Тарлев дар моҳи равон истеъфо дод ва ба дунбол, раисиҷумҳур Владимир Воронин вазири пешини молия Зинаида Гритсианиро ба симати сарвазирӣ пешбарӣ кард.
Молдова солҳост, ба хотири пайдо кардани як роҳи ҳалли масъалаи вилояти Трансднестр(Приднестровйе), ки ҳанӯз дар авоили солҳои 90 худро аз Кишинёв мустақил эълон кардааст, талош меварзад.
XS
SM
MD
LG