Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуюди шабгардӣ дар Бағдод лағв мешавад


Қуюди шабгардӣ дар Бағдод имрӯз лағв мешавад. Мақомоти низомии Ироқ дар пайи ин ки Муқтадо Садр, раҳбари шиъаҳои тундрави ироқӣ тарафдоронашро аз кӯчаҳои Басра ва манотиқи дигар, аз ҷумла аз Бағдод фаро хонд, дар бораи лағви қуюди шабгардӣ дар пойтахти Ироқ дастур додаанд. Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз ин иқдоми Муқтадо Садр истиқбол кард ва онро як иқдоми дуруст номид. Аз рӯзи сешанбеи гузашта ба ин сӯ, дар даргириҳо байни нирӯҳои амниятии Ироқ ва шибҳанизомиёни Ҷайши Маҳдӣ, ки аз Муқтадо Садр ҳимоят мекунанд, беш аз 240 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG