Пайвандҳои дастрасӣ

Буш имрӯз ба Украина меравад


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз сафари дурӯзааш ба Украинаро оғоз мекунад. Интизор меравад, дар дидор бо раҳбарони ин кишвар, Ҷорҷ Буш аз азми Киев ба сӯи пайвастан ба паймони низомии НАТО ҳимоят кунад.

Маскав шадидан мухолифи ин иқдом аст ва, бино бар назарсанҷиҳои анҷомшуда, аксари украиниҳо, асосан рустабороне, ки дар шарқ ва ҷануби Украина ба сар мебаранд, низ ба пайвастани кишвар ба НАТО мухолиф будаанд.

Ҷорҷ Буш дар пайи дидор аз Украина, ба хотири ширкат дар нишасти сарони НАТО ба Бухарест хоҳад рафт. Дар нишасти Бухарест раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко низ ширкат хоҳад варзид.

XS
SM
MD
LG