Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ҳизби ҳокими Туркия дар дасти додгоҳ


Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия имрӯз бояд ҳалл кунад, ки оё парвандаи манъи ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиёт ба далели фаъолиятҳои исломгароёнаашро ба баррасӣ бигирад ё хайр. Додситони кулли Туркия аз додгоҳ хостааст, ҳизби ҳокимро, ки решаҳои исломӣ дорад, ба иллати талоши сохтани давлати Исломӣ дар Туркияи дунёвӣ бубандад.

Додситон ҳамчунин тақозо карда, ки фаъолияти сиёсӣ барои 71 раҳбари ҳизби Адолат ва Тараққиёт, аз ҷумла барои сарвазир ва президенти кунунии Туркия, барои 5 сол манъ карда шавад. Ҳизби ҳоким, ки соли гузашта интихоботи пеш аз мӯҳлатро бурд, ин иттиҳомотро радд карда, ва ин парвандаро ҳамла ба демократия номидааст.

XS
SM
MD
LG