Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуюди шабгардӣ дар Бағдод як соат коҳиш меёбад


Мақомоти Бағдод гуфтаанд, қуюди шабгардӣ субҳи душанбе, 31 март соати 6, яъне як соат зудтар поён хоҳад ёфт.

Аммо ҳаракати нақлиёт дар 3 минтақаи шаҳр – Садр, Козимия ва Шӯъла – ҳамчунон мамнӯъ боқӣ мемонад.

Ин 3 минтақаи умдатан шиъанишин, ба хусус Садр бо тақрибан 2 миллион нафар ҷамъияти шиъааш, тайи 6 рӯзи охир аз саҳнаҳои аслии рӯёрӯиҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои амниятии Ироқ ва шибҳанизомиёни шиъа ба ҳисоб мерафтанд.

Дар ин даргириҳо, ба гуфтаи як раҳбари риштаи тибби Бағдод, беш аз 130 нафар ҷон супурдаанд.

XS
SM
MD
LG