Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иддаои Иморотро радд кард


Раҳбарони кишварҳои арабӣ дар нишасти Димишқ аз Имороти Муттаҳидаи Араб дар баҳси қаламравиаш бо Эрон пуштибонӣ кардаанд.

Дар эъломияи ниҳоии нишаст, 22 кишвари арабӣ аз Иморот тақозо карданд, ҷиҳати баргардонидани 3 ҷазира дар халиҷи Форс, ки феълан таҳти назорати Эрон қарор доранд, роҳҳои қонунӣ ва мусолиматомезро биҷӯяд.

Хабаргузории расмии Эрон – ИРНО- аммо аз қавли сухангӯи вазорати хориҷаи ин кишвар иддаои Имороти Муттаҳидаи Арабро “беҳуда ва бебунёд” номида, ин 3 ҷазираи баҳсиро “ҷузъи ҷудоинопазир”-и қаламрави Эрон хондааст.

XS
SM
MD
LG