Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатар аз марзи Афғонистон бо Покистон бармехезад


Раҳбари ожонси марказии истихбороти Амрико, ё худ СIA, Майкл Ҳайден гуфт, вазъ дар манотиқи марзии байни Афғонистону Покистон барои Амрико ва Ғарб “як хатари ошкор ва мавҷуд”-ро ба бор овардааст. Майкл Ҳайден гуфт, агар алайҳи Амрико ҳамлаи дигари террористӣ сурат бигирад, он ғолибан аз ҳамин манотиқ, ки бовар меравад, раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар он ҷо паноҳ бурдааст, бар хоҳад хест.

Раҳбари СIA гуфт, шабакаи Ал-Қоида тавонист дар тӯли ин марзҳо барои худ як минтақаи амн дуруст карда, аъзои худро дар ин сарзаминҳо тамрин медиҳад.

Мақомоти Амрико ба давлати Покистон фишор меоранд, то ки ҷиҳати таъмини назорати бештар бар ин сарзаминҳои хориҷ аз назорати қонун талоши бештар ба харҷ бидиҳад.

XS
SM
MD
LG