Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил 50 саддро аз роҳҳои фаластиниҳо мебардорад


Мақомоти Амрико мегӯянд, дар чаҳорчӯби талошҳои Вошингтон ба манзури пешрафт дар кори сулҳи Ховари Миёна, Исроил тааҳҳуд супурда, ки 50 садди мавҷудро аз роҳҳои сарзаминҳои фаластинии воқеъ дар каронаи бохтарии рӯди Урдун мебардорад. Ин тааҳҳуд дар пайи мулоқоти вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс бо вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ва сарвазири ташкилоти худгардони Фаластин Салом Файёд эълон шуд. Дирӯз Кондолиза Райс гуфт, исроилиҳову фаластиниҳо дар мавриди беҳбуди фазои минтақа ва ҳалли танишҳо масъулияти баробар доранд.

XS
SM
MD
LG