Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни уштури шоистаи сол


Беш аз даҳ ҳазор уштур аз саросари Халиҷи Форс ҳафтаи оянда рӯзи 2 апрел дар як озмуни зебойии Абу Дабӣ, ки ҷоизааш милёнҳо доллар гуфта мешавад, иштирок хоҳанд кард. Ин озмуни уштурҳои шоистаи ҷаҳон бахше аз ҷашнвораи миллии мардумони араб аст, ки ҳар сол бо ҳадафи нигаҳдошт ва эҳтироми расму суннатҳои қадимаи мардумӣ ташкил мешавад. Озмун тарзе сурат мегирад, ки уштурҳои зодаи Қатару Баҳрайну Амону Арабистони Саъудиву Кувайт дар майдоне дар баробари ҳайати доварон саф меороянд. Ва ин доварон дар ниҳоят тасмим мегиранд, ки оё ҷоизаи ба миқдори 9,5 миллион долларро ба соҳиби кадоме аз уштурҳо тақдим кунанд. Инчунин сад мошини сабукрав барои тақдим ба ширкатдорони озмун омода шудааст
XS
SM
MD
LG