Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи фаврӣ ва ҷустуҷӯии ВКД-и Тоҷикистон ҳамроҳи як гурӯҳи муфаттишони Русия машғули тафтиши қазияи қатли хабарнигори «ОРТ»-и Русия будаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати дохилии Тоҷикистон, дар ин замина гуфт: «Аз рӯи далели куштори хабарнигор Илёс Шурпаев имрӯз гурӯҳи намояндагон аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва бо ҳамкасбони худ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбат ба ин қазия корҳои фаврии ҷусуҷӯиро анҷом медиҳанд».

Дар ҳоли ҳозир бархе аз хабаргузориҳо аз боздошти 3 нафар ба иттиҳоми даст доштан дар куштори Илёс Шурпаев хабар додаанд. Бино бар ин хабарҳо, 2 нафар бародарон Муҳаммадиевҳо дар ноҳияи Ваҳдат ва Масрурҷон Ятимов дар ноҳияи Шаҳринав, ки ҷиҳати даст доштанашон дар ин ҷиноят гумонбар мешаванд, шаби шанбе ба якшанбе боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, зимни бозҷуӣ аз манзили Масрурҷон Ятимов, аз ҷумла, телефон ва соати дастии мутаалиқ ба Илёс Шурпаеви кушташуда кашф гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи қабл мақомоти пулиси Русия гуфта буданд, нишонаҳое аз афроди мазнун дар қатли И. Шурпаев, аз ҷумла телфуни ҳамроҳи ин афрод дар Тоҷикистон радд шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи дигар, ҷониби Русия талош хоҳад кард, афроди боздоштшудаи гумонбар дар қатли хабарнигор ба Маскав истирдод шаванд.

Вале дар ҳамин ҳол, қавонини Тоҷикистон иҷозаи ба ихтиёри кишвар дигар гузоштани шаҳрвандони муттаҳам дар ҷиноятҳои Тоҷикистонро намедиҳад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон афроди муттаҳам барои ҷинояти содқиркардашон дар хориҷи мамлакат маҳз бояд дар дохили кишвар муҷозот шаванд.

Илёс Шурпаев, хабарнигори доғистонитарбори шабакаи телевизионии «ОРТ» Русия 21-уми марти соли равон дар манзилаш дар Маскав кушта шуда буд. Тафтишот дар мавриди сабабҳои қатли ӯ ҳанӯз фарзияи расмиеро эълон накардаааст. Аммо бархе аз таҳлилгарон қатли Шурпаевро ба фаъъолияти ҳирфаии ӯ рабт медиҳанд ва баъзеҳо ҳам ин қатлро дар заминаи маъишӣ ва авбошӣ ба манзури ғорат арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG