Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садр ҷангиёнашро ба хатми хушунатҳо даъват кард


Раҳбари шӯришиёни шиамазҳаб Муқтадо Садр ба артиши худ амр додааст, ки ҷангро бо нирӯҳои амниятии Ироқ хотима диҳанд. Дар як изҳороти катбие, ки дар дафтари вай дар шаҳри Наҷаф иншо шудааст, гуфта мешавад: "ҳар касе, ки силоҳ ба даст гирифта сохторҳои давлатиро ҳадаф қарор медиҳад, аз сафи мо нест". Дар вокуниши аввалинаш ба ин изҳорот, сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ад-Даббағ изҳороти Садрро чун як даъвати "мусбат" истиқбол кард. Дар ин изҳороташ Садр инчунин пешниҳод кардааст, ки дар сурати хатми "рейдҳои ғайриқонуниву тасодуфӣ" алайҳи артиши Маҳдиву тарафдорони он ва озодшавии зиндониёне, ки бегуноҳ нигаҳдорӣ мешаванд, вай сарбозонашро аз кӯчаву хиёбонҳои Басра ва дигар шаҳрҳо берун хоҳад кард. Қабл аз ин Садр даъвати нахуствазири Ироқ Нурӣ-Ал-Моликиро рад карда буд, ки замин гузоштани силоҳ ва хатми рӯёрӯиҳоро тақозо мекард.

XS
SM
MD
LG