Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати кишварҳои Араб аз Лубнон


Раҳбарони давлатҳои арабӣ, ки имрӯз дар Димишқ мулоқот карданд, аз Лубнон тақозо намуданд, ки ба хотири хатми бӯҳрони Бейрут барои интихоби як раиси ҷумҳурие, ки бо ризоияти умум пазируфта шавад, мувофиқат кунанд. Тарҳи қатъномаи мазкур дар поёни нишаст содир ва дар он инчунин аз аҳзоби сиёсии кишвар даъват шуд, ки барои эҷоди ҳукумати эътилофӣ талош ба харҷ диҳанд. Лигаи кишварҳои Араб, ки дар Димишқ нишасти худро барпо кард, як моҷарои нави сиёсиро барангехт. Аз сӯе бархе раҳбарон ин нишастро бойкот карданду аз сӯи дигар, аксар давлатҳо мақомоти сатҳи поёнии худро ба ин нишаст фиристоданд. Арабистони Саъудӣ, Миср ва Урдун аз кишварҳоеанд, ки Сурияро дар бӯҳрони сиёсии Лубнон айбдор медонанд. Димишқ бо ин гуна иттиҳомот розӣ нест.
XS
SM
MD
LG