Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Исроил барои поккории роҳҳо


Мақомоти Амрико гуфтанд, ки чун талоше барои барқарорсозии сулҳи минтақа, Исроил ваъда додааст, ки роҳҳоро аз 50 василаи масдудкунандаи ҷоддаҳо дар Каронаи Ғарбӣ холӣ хоҳад кард. Изҳороти мазкур имрӯз баъди мулоқоти вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс бо вазири дифои Исроил Эҳуд Барак ва нахуствазири Фаластин Салом Файёд садо дод. Чанде пеш аз ин Райс гуфт, Исроилу Фаластин изҳори омодагӣ карданд, ки барои эҷоди фазои мусоид бо ҳадафи коҳиши танишҳо масъулият нишон хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG