Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Толибони Покистон аз сӯҳбатҳои Гелонӣ


Ҷумбиши Толибони Покистон аз пешниҳоди нахуствазири нави ин кишвар барои шурӯъи музокирот истиқбол кардааст. Мавлавӣ Умар, сухангӯи ҷумбиш гуфт, ки ин гуфтугӯҳо барои пешбурди вазъи амниятии кишвар мусоидат хоҳад кард. Аммо вай афзуд, ки Исломобод бояд билофосила ҷангеро, ки ба манфиати ИМА нигаронида шудааст, хотима дода даст аз сиёсати амрикоигароёнаи Покистон бардорад. Рӯзи шанбе нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, ки ҳукумати нави кишвараш омода аст ба хотири халъи силоҳи ҷангиён бо онҳо сари мизи гуфтугӯ бишинад.

XS
SM
MD
LG