Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии паноҳандагони ҷаҳон ба Тоҷикистон меояд


Антонио Гутеррес - ҳомии паноҳандагон

Антонио Гутеррес - ҳомии паноҳандагон

31-уми март Антонио Гутеррес, раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон вориди Душанбе шуд.

Сарнавишти минбаъдаи паноҳандаҳое, ки муддати тӯлонӣ дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ва роҳҳои мутобиқсозии зиндагии онҳо ба шароити ин кишвар аз мавзӯъҳои аслии мавриди баҳси раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ва мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд.
Антонио Гутеррес бо як сафари корӣ барои 4 рӯз вориди Душанбе мешавад. Дар ҷараёни сафари 4-рӯзаи оқои Гутеррес мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, масъулини бархе аз вазоратхонаҳои дахил дар умури паноҳандаҳо ва ташаккулҳои ҷамъиятии кишвар дар назар аст.
Галия Губаева, мушовири миллӣ дар умури ҳимояти байнулмилалии паноҳандаҳо дар дафтари Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин кишвар 99 фоизи паноҳандаҳоро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд: "Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, ки соли 1993 эъломияи байнулмилалии ҳуқуқи паноҳандагонро пазируфтааст, асосан паноҳандагони афғон ба сар мебаранд. Шумори онҳо тақрибан 1700 нафар мебошад. Мо онҳоро ба ҳайси паноҳандаҳо ва ҳам ба ҳайси нафарони ҷӯёи паноҳгоҳ арзёбӣ мекунем. Чанд паноҳандаи эронӣ ба мо муроҷиъат кардаанд, аммо мавқеъи онҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст. Паноҳандаҳое, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, пеш аз ҳама таҳти назари қонунҳои ин кишвар мебошанд".
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки масъулияти дафтари Комисориёи Созмони Милали Муттаҳид иборат аз кумак ба ҳукумати Тоҷикистон барои таъйини мақоми паноҳандагони хориҷӣ ва расидагӣ ба вазъи муҳоҷирон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҳамкорӣ бо мақомоти Душанбе дар самти ёрӣ ба паноҳандаҳо қаноъатманд мебошад.
Бархе муҳоҷирони афғонӣ дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки дар расидагӣ ба сарнавишти онҳо ва баррасии аснодашон таъхир мекунанд. Аз умдатарин масъалаҳои паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон мушкили доштани иҷозаи иқомат, бархӯрди ноодилонаи полис ва ришваситонӣ, эҷоди маҳдудият дар тиҷорату кори онҳо будааст.
Ахиран нашрияҳои Тоҷикистон аз амалкарди мақомоти ҳукуматӣ дар манъи ташкил ва баргузории ҷашни Наврӯзи паноҳандагони афғонӣ дар ноҳияи Ваҳдатро интиқод намуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони афғонӣ мегӯянд, ин Тоҷикистонро ба унвони маҳалли муваққатии зист интихоб мекунанд, то баъдан тавонанд ба Аврупову Ғарб роҳ ёфта, зиндагии худро дар он кишварҳо танзим кунанд.
Соли 2005, тибқи як барномаи вижаи байниҳукуматӣ, Тоҷикистонро ба қасди зисти доимӣ дар Канада ҳудудан 2 000 паноҳандагони афғонистонӣ тарк карданд.
XS
SM
MD
LG