Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири афғон рақси якҷояи мардону занонро дар ТВ маҳкум кард


Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон намоиши як барномаи телевизиониро шадидан маҳкум кард, ки дар он наворҳои рақси якҷояи занону мардон дар ҷараёни як маросими ҷоизасупорӣ ба филмҳо дар Кобул намоиш дода шудааст. Вазорати фарҳанг дар баёнияе гуфтааст, ки чунин саҳнаҳо хилофи суннатҳои ҷомеаи исломии Афғонистон мебошад. Ҳодисаи мазкурро акнун бояд як Кумитаи назорати расонаҳо баррасӣ кунад, ки оё намоиши ин барнома хилофи қонуни расонаҳои хабарӣ будааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG