Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Файзобод, 70-километрии пойтахт, беш аз 24 000 ҷавон ба сар мебарад, ки ҳудуди 70 дарсадашонро писарон ташкил медиҳанд.

Гурӯҳе аз ин ҷавонон, ки донишу шароити молӣ доранд, дар макотиби олии пойтахт таҳсил мекунанд. Аммо кайҳост, ки шумори зиёди ҷавонон сафи муҳоҷирони меҳнатиро пур кардаанд.

Бекорӣ ва шароити бади иқтисодӣ мунҷар ба он шудааст, ки аз ҳар як оила то 3-4 нафар дар Русия мардикорӣ мекунанд. Дар миёни муҳоҷирон духтарон низ кам нестанд. Мушоҳида мешуд, ки дар деҳоти Файзобод низ – чун аксари дигар рустоҳои кишвар – ҷавонписарон ангуштшуморанд.

Дар деҳаи Арзанова мо бо Раҷаб ном ҷавони 28-сола вохӯрдем, ки нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадаву боз азми баргаштанро дорад. Ба гуфти Раҷаб, маблағҳои аз муҳоҷират оварда ягона манбаъи даромади хонавода аст.

Луъбат Акрамова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Файзобод , мегӯяд, ки як гурӯҳи хурди дар ноҳия мондаи ҷавонон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд.

Дар бозори марказии ноҳия танҳо занону духтарон ба тиҷорат машғул буданд.

Воқиъан, шумори духтарони хонанишин ва аз таҳсил дур дар Файзобод хеле зиёд аст. Ягона дилхушии ин духтарони хонашин суҳбат бо дугонаҳо ва бо омадани нерӯи барқ тамошои киносериалҳо аст. Ҳама орзу мекарданд донишҷӯ бошанд, боз ҳам медонистанд, ки ин танҳо як орзуст.

Суҳбати ҷавонони файзободиро оид ба мавзӯъҳои мухталиф дар барномаи «Ояндасоз» хоҳед шунид. Қиссаҳои ҷолиб аз забони худи ҷавононро бо пахш кардани рамзи «радио» (дар тарафи рости сафҳа) метавонед бишнавед.Бекорӣ ва шароити бади иқтисодӣ мунҷар ба он шудааст, ки аз ҳар як оила то 3-4 нафар дар Русия мардикорӣ мекунанд. Дар миёни муҳоҷирон духтарон низ кам нестанд. Мушоҳида мешуд, ки дар деҳоти Файзобод низ – чун аксари дигар рустоҳои кишвар – ҷавонписарон ангуштшуморанд.
Дар деҳаи Арзанова мо бо Раҷаб ном ҷавони 28-сола вохӯрдем, ки нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадаву боз азми баргаштанро дорад. Ба гуфти Раҷаб, маблағҳои аз муҳоҷират оварда ягона манбаъи даромади хонавода аст.
Луъбат Акрамова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Файзобод , мегӯяд, ки як гурӯҳи хурди дар ноҳия мондаи ҷавонон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд.
Дар бозори марказии ноҳия танҳо занону духтарон ба тиҷорат машғул буданд.
Воқиъан, шумори духтарони хонанишин ва аз таҳсил дур дар Файзобод хеле зиёд аст. Ягона дилхушии ин духтарони хонашин суҳбат бо дугонаҳо ва бо омадани нерӯи барқ тамошои киносериалҳо аст. Ҳама орзу мекарданд донишҷӯ бошанд, боз ҳам медонистанд, ки ин танҳо як орзуст.
Суҳбати ҷавонони файзободиро оид ба мавзӯъҳои мухталиф дар барномаи «Ояндасоз» хоҳед шунид. Қиссаҳои ҷолиб аз забони худи ҷавононро бо пахш кардани рамзи «радио» (дар тарафи рости сафҳа) метавонед бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG