Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони қатли хабарнигори рус дар Тоҷикистон боздошт шуданд


Хабаргузории Интерфакс гузориш медиҳад, ки ду марди тоҷикистонӣ бо иттиҳоми куштори хабарнигори телевизиони Русия Илёс Шӯрпаев боздошт шуданд. Як мақоми Вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки гурӯҳи тафтишотии полиси Русия, ки гумонбаронро дар қаламрави Душанбе таъқиб мекарданд, ҳамтоёни тоҷикашонро роҷеъ ба маҳалли будубоши онҳо хабардор карда худ дар ҷараёни боздошти ин афрод иштирок карданд. Ҳарду гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Хабарнигори доғистонии шабакаи авввали телевизиони Русия ОРТ рӯзи 21 март дар манзилаш дар Маскав бо нишонаҳои куштор ошкор шуд. Эҳтимол меравад, ки ҳамлагарон баъди қатли хабарнигор манзили ӯро оташ задаанд. Сабабҳои ин ҳодиса норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG