Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири бритониёӣ ҷонибдори музокирот бо Толибон


Вазири дифои Бритониё Дес Браун гуфт, ки ба хотири хатми хушунатҳо ҳукумат бояд майли гуфтугӯ бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористиро дошта бошад. Дар мусоҳибаи ахираш бо "Daily Telegraph" вай ба шабоҳатҳое дар шароити ҷангии Афғонистон ва ҷараёни сулҳи Ирландияи Шимолӣ ишора кардааст. Сӯҳбатҳои имрӯзаи Дес Браун чун идомаи андешаҳои баёнкардаи вай дар моҳи сентябри соли гузашта арзёбӣ мешавад, ки дар анҷумани солонаи ҳизби кор гуфта буд, Толибон бояд дар ҳама музокироти сулҳи Афғонистон дахил бошанд, барои он ки онҳо ҷои рафтан надоранд. Аммо дар мавриди Ал-Қоида оқои Браун ин гуна музокиротро ғайри қобили қабул медонад ва мегӯяд, ки аҳдофи онҳо комилан хилофи арзишҳои ғарбиҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG