Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи печидаи Басра


Даргириҳои артиши милии Ироқ ва ҷангиёни шӯришии шиамазҳаб Муқтадо Садр рӯзи шанбе ҳам дар шаҳри ҷанубии Басра идома кард. Ахиран ҳавопаймоҳои ҷангии ИМА ва Бритониё ҳадафҳои ҷангиёнро дар Басраву минтақаи Садри Ироқ бомборон карданд. Низомиёни бритониёӣ дар Басра гуфтанд, ки амалиёти онҳо тибқи дархости низомиёни ироқӣ сурат гирифтааст. Ин барои нахустин бор аст, ки баъди шурӯъи даргириҳо дар рӯзи сешанбе нирӯҳои хориҷӣ вориди амалиёт мешаванд. Сухангӯи нирӯҳои бритониёӣ дар Басра сарҳанг Крис Форд дар сӯҳбат бо радиои Ироқи Озод дар ин замина гуфт:

"Вазъияти Басра бисёр печида аст. Дар он ҷо чанд ҷангии бонуфуз қарор доранд. Ва онҳо ҳам ба гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳо тақсим мешаванд. Вақте мо тирамоҳи соли гузашта Басраро тарк кардем, вазъият дигаргуна буд ва ҳоло аз назари ҳузури ҷангиён вазъ тағйир ёфтааст. Танҳо чизи хуб ин аст, ки ҳоло нирӯҳои ироқӣ дар ин маҳал муборизаро бо ҷангиён худ идома медиҳанд".

Рӯзи шанбе хабар дода шуд, ки даргириҳо дар шаҳри марказии Карбало тавсеа ёфта шаби шанбе мунҷар ба марги 12 нафар гардид. Шаҳри ҷанубии Носирияву канораҳои он низ шоҳиди чандид рӯёрӯиҳо шудааст. Полиси шаҳри марказии Кут иттилоъ дод, ки шурӯъ аз нооромиҳои рӯзи сешанбе 50 нафар ба ҳалокат расиданд. То имрӯз дар рӯёрӯиҳои миёни шӯришиёну артиши ироқӣ дар Басраву атрофи он беш аз 130 нафар ҳалок ва дасти кам 350 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG