Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазир Гелонӣ ва ояндаи Покистон


Парвиз Мушарраф ва Юсуф Ризо Гелонӣ

Парвиз Мушарраф ва Юсуф Ризо Гелонӣ

Имрӯз аксари кулли аъзои порлумони Покистон ба нахуствазири нави ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ раъйи эътимоди худро доданд.

Оқои Гелонӣ, ки ҳафтаи ҷорӣ ба ин мақом интихоб шуд, гуфт, ки барқарорсозии сулҳу амният дар кишвар ва муқобила бо терроризм дар авлавияти кори ҳукумати нав қарор хоҳад гирифт.
Дар суханронии худ Юсуф Ризо Гелонӣ барномаҳои ҳукуматро барои 100 рӯзи аввали кораш шарҳ дод ва гуфт, ки терроризм ва тундгароӣ аз чолишҳои аслии ҳукумати Покистон мебошанд. Вай таъкид кард, ки ҳукумат ба тааҳҳудоти худ дар муқобила бо ин мушкилот пойбанд хоҳад монд: "Барқарории сулҳ дар кишвар ва муқобила бо терроризм дар авлавияти кори мо қарор мегирад. Ҷанги зидди террор ин ҷанги худи мост, чунки дар натиҷаи он кӯдакони бегуноҳ ва сарбозон ҷони худро аз даст медиҳанд. Мутаассифона, баъзеҳо роҳи хушунатомезро барои изҳори назари худ интихоб мекунанд. Ҳоло, ки кишвар сафари худро ба роҳи демократӣ оғоз мекунад, ман аз ҳама даъват мекунам, ки хушунатро хотима дода, ба сафҳои мо бипайванданд. Мо омода ҳастем, бо ҳамаи онҳое, ки силоҳи худро ба замин гузошта, роҳи сулҳро интихоб мекунанд, вориди гуфтугӯ шавем".
Юсуф Ризо Гелонӣ узви ҳизби мардумии Покистон, як ҷунбиши пуртарафдори мухолифин аст, ки аз ҷониби нахуствазири пешини кушташуда Беназир Бҳутто раҳбарӣ мешуд. Ӯ ба мақоми нахуствазирӣ 25-уми март интихоб шуд ва аз номзадяш ба ин мақом аъзои эътилофи порлумонии ҳизби мардумӣ ва Лигаи мусалмонони Покистон таҳти сарварии сарвазири собиқ Навоз Шариф ҷонибдорӣ карданд.
Ин ду ҳизб дар интихоботи февралӣ аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст оварда, бо ин, мавқеъи раисҷумҳур Парвиз Мушаррафро халалдор намуданд.Мушарраф, ки соли 1999 дар пайи як кудатои хушунатомез сари қудрат омада буд, ҳамакнун дар порлумони нав тарафдори кам дорад.
Соли гузашта барои Покистон як соли пурхушунат будааст: садҳо нафар, аз ҷумла кормандони хадамоти амниятӣ дар пайи мавҷи хушунатҳову ҳамлаҳои интиҳорӣ, ки масъулияташ ба дӯши «ал-Қоида»-ву «Толибон» мебошад, ҷон доданд. Раисҷумҳур барои хотима додан ба хушунатҳо ба манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон ҳазорҳо нерӯҳои кишварро сафарбар кард.
Ҳафтаи ҷорӣ ду мақоми баландпояи амрикоӣ - Ҷон Негропонте, муовин ва ёвари вазири хориҷа, ва Ричард Баучер – аз ҳукумати нави Покистон тақозо карданд, ки ҳамкориашро дар амалиёти зидди террор идома диҳад. Рӯзи ҷумъа Ричард Баучер, ки ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ мебошад, роҷеъ ба идомаи кумакҳои Вашингтон дар роҳи муқобила бо ҷангиёни шӯришӣ изҳори назар карда, аз ҷумла, гуфт: "Ҳамаи мо медонем, ки баъзе нафарони хатарнок бо андешаи тавтиъаву ҳамла болои Покистон, Афғонистон, Аврупо, ИМА ва дигар манотиқи ҷаҳон баланд шудаанд. Мо бояд тарзи саҳеҳе бо ин мушкил муомила кунем. Чунин корро ҳамроҳ бо ҳукумати Афғонистон дар он кишвар ба роҳ мондаем ва мо мехоҳем ҳамчунон бо ҳукумати Покистон ба ҳайси муттафиқи худ ин корро анҷом диҳем, то ҳаёти мардумони худро амнтар созем".
ЗимнисуханронииимрӯзаашнахуствазиринавиПокистонЮсуфРизоГелонӣ инчунин гуфт, ки роҳи дар вазифаҳои худ барқарор шудани додгустарҳои барканоршударо андеша хоҳад кард. Як гурӯҳи қозиҳо ҳанӯз ноябри соли гузашта дар рӯзҳои ҷорӣбудани вазъияти изтирорӣ азтарафи Парвиз Мушарраф аз вазифаҳояшон барканор шуда буданд. Баъзеазонҳо, аз ҷумла раиси додгоҳи олии ин кишвар Ифтихори Чодурӣ, дар ҳабси хонагӣ ба сар мебурданд.
XS
SM
MD
LG