Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Куба


Ҳукумати раиси ҷумҳурии нави Куба Раул Кастро ба шаҳрвандони оддии кишвар иҷозаи истифода аз телефонҳои мобилро дод. То кунун ҳақи доштани телефони ҳамроҳро дар Куба танҳо кормандони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳо ва дипломатҳои хориҷӣ доштанд. Раул Кастрои 76-сола, ки моҳи феврал сари қудрат омад, дар ин мақом бародари худ Фидел Кастрои 81-солагро иваз кард. Вай қариб баъди 50 соли раҳбарияш бо сабаби беморӣ ин вазифаро тарк кард. Иҷозаи истифодаи саросарии телефонҳои ҳамроҳ дар Куба баъди он дода шуд, ки ахиран Раул Кастро манъи фурӯши компютерҳо, телевизизор ва дастгоҳҳои сабти видеоро барои шаҳрвандони оддии кишвар лағв кард.
XS
SM
MD
LG