Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Далай Лама ба ҷомеаи ҷаҳонӣ


Далай Лама, раҳбари маънавии Тибет имрӯз дар муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кӯмак дар ҳалли бӯҳрони кишвараш шуд. Дар як нишасти матбуотӣ, ки дар Деҳлии Нав ҷараён гирифт, Далай Лама гуфт, ки тазоҳургарони онҳо ба ҷуз адолат, ҳақиқат ва самимият нирӯи дигар надоранд. Вай афзуд, ки дар шароити кунунӣ ва набуди роҳи дигари ҳалли бӯҳрон, онҳо чорае ҷуз дуъову ибодат кардан надоранд. Далай Лама соли 1959 баъди як шӯриши номуваффақ алайҳи режими ҳукумати Чин ба Ҳинд фирор кард ва ҳоло дубора ба роҳандозии музокирот бо мақомоти Пекин даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG