Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътимоди парлумони Покистон ба нахуствазир


Имрӯз парлумони Покистон дар раъйдиҳии пӯшида эътимоди худро ба нахуствазири нави кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ баён карданд. Гелонӣ, ки ба ин вазифа ҳафтаи ҷорӣ интихоб шуд, зимни суханрониаш дар баробари маҷлис гуфт, ки барқарорсозии сулҳу амният дар кишвар ва муқобила бо терроризм аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумат хоҳад буд. Дар изҳороти худ оқои Гелонӣ гуфт, ки ҳукумати нав омода аст бо ҷангиён ба хотири замин гузоштани силоҳҳояшон вориди музокира шавад. Вай инчунин гуфт, ки талош ба харҷ хоҳад дод, то ки додгустарҳои тирамоҳ аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф барканоршудаву мавриди боздошт қароргирифта дубора сари кор оварда шаванд.
XS
SM
MD
LG