Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо


Вазирони хориҷаи 27 давлати узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Словения нишасти дурӯзаи худро оғоз карданд, ки бештарини фурсатро ба баррасии вазъи минтақаи Балкан ихтисос хоҳад дод. Мулоқоти вазирон аз гуфтугӯҳо бо вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремитс шурӯъ шуд. Раиси Комиссиюни тавсеаёбии ин ниҳод гуфт, ки нишасти мазкур барои ҳамворсозии роҳи узвияти Белград дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо нигаронида шуда, ҳамчунон аз Сербистон тақозои интихоби роҳи аврупоии рушдро тақозо мекунад. Баъди барасмият шинохта шудани истиқлолияти Косово аз ҷониби бархе давлатҳои аврупойӣ, равобити Белград бо ин давлатҳо вориди мушкил шуд. Мавзӯи дигари мавриди таваҷҷӯҳи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо равобит бо Чин ва шеваи бархӯрд бо мақомоти Пекин дар робита бо саркӯби тазоҳургарон дар Тибет дар пасманзари омодагиҳо ба бозиҳои олимпии тобистона мебошад.
XS
SM
MD
LG