Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониёиҳову амрикоиҳо вориди амалиӣт шуданд


Ҳавопаймоҳои ҷангии ИМА ва Бритониё ҳадафҳои ҷангиёни шиаро дар шаҳри ҷанубии Басра ва минтақаи Садри Ироқ бомборон карданд. Низомиёни бритониёӣ дар Басра гуфтанд, ки амалиёти онҳо тибқи дархости низомиёни ироқӣ сурат гирифтааст. Ин барои нахустин бор аст, ки баъди шурӯъи даргириҳо дар рӯзи сешанбе нирӯҳои хориҷӣ вориди амалиёт мешаванд. То имрӯз дар рӯёрӯиҳои миёни шӯришиёну артиши ироқӣ дар Басраву атрофи он беш аз 130 нафар ҳалок ва дасти кам 350 нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG