Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро кишварҳо ба вақти тобистонӣ мегузаранд?


Сергей Миронов: Русия ҳам ба вақти тобистонӣ мегузарад
Сергей Миронов: Русия ҳам ба вақти тобистонӣ мегузарад

Соати 2-и шаби 30-вуми март аксари кишварҳои аврупоӣ ақрабаки соатро 1 соат пеш мекунанд ва дар ин мамолик вақти тобистонӣ шурӯъ мешавад.

Замоне дар Тоҷикистон ҳам ин таҷриба амал мекард, вале он дер давом накард. Ҳоло, мутобиқ бо фасли сол тағйири соат аз куҷо пайдо шудаву он чи нафъе дорад?
Муаллифону тарафдорони мутобиқсозии вақт ба фасли сол мегӯянд, инсон ҳам мисли офтобпараст бояд ҳар шуъои офтобро истифода барад. 9-уми марти имсол ИМА се ҳафта пеш аз Иттиҳодияи Аврупо вақти тобистониро ҷорӣ кард. Бар тибқи нақша, Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи октябр ба вақти муқаррарӣ бармегардад. ИМА бошад – дар моҳи ноябр.
Аслан, мутобиқсозии вақт, яъне пешу пас кардани соат дар фаслҳои мухталиф, аз тарафи яке аз асосгузорони ИМА Бенҷамин Франклин дар соли 1784 пешниҳод шуда, амалан дар ду даҳаи аввали асри 20 нахуст дар Аврупову ва сипас дар Амрико пазируфта шуд. Ибтидо ҳар иёлати амрикоӣ худ муқаррар мекард, ки ба вақти тобистона гузарад ва ё хайр.
Вале дар соли 1966 бо фармони президенти вақти ИМА Линдон Ҷонсон қароре қабул шуд ва гузариши муташаккилона ба вақтҳои тобистонӣ ва зимистонӣ дар тамоми кишвар ҳатмӣ шуд.
Дар солҳои ахири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам бо мақсади коҳиши истифодаи нерӯи барқ муддати кӯтоҳе вақтҳои тобистониву зимистони ҷорӣ шуда буд, вале бо фурӯпошии ин мамлакати бузург кишварҳои навтаъсис аз тағйири вақт даст кашиданд.
Дар фасли зимистон вақти маҳаллии Тоҷикистон аз Аврупо 4 соат пеш аст. Яъне, агар дар Аврупо соат 2-и баъд аз зуҳр бошад, дар Тоҷикистон соат 6-и баъд аз зуҳр аст. Вале баъди гузариш ба вақти тобистонӣ ин фарқ як соат камтар мешавад: яъне, вақте дар Аврупо соат 3-и баъд аз зуҳр бошад, дар Тоҷикистон вақти маҳаллӣ 6-и баъд аз зуҳр хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳое, ки дар наздикии хатти устуво ё экватор ҷойгир мебошанд, ба тағйири вақт эҳтиёҷ надоранд, зеро тамоми сол дар қаламрави онҳо муддати рӯзу шаб зиёд тағйир намеёбад, ҳарчанд бо наздикшавӣ ба қутбҳо муддати рӯзу шаб дар ин мамолик вобаста ба фасли сол тағйир меёбад. Масалан, дар Антарктида тобистонҳо шаб вуҷуд надорад ва зимистонҳо ҳам офтоб зуҳур намекунад.
Баъзан тағйири вақт тасодуфҳои тааҷҷубовар ба бор меорад. Масалан, моҳи сентябри соли 1999 дар соҳили ғарбии рӯди Урдун се бомбгузори маргталаб фаромӯш карданд, то соатҳояшонро ба вақти зимистонӣ гузаронанд, ва дар натиҷа вақте бомбаҳои онҳо як соат пеш аз нақша мунфаҷир шуданд, ба ғайр аз ин се бомбгузор касе ба ҳалокат нарасид.
Сарфи назар аз эълонҳои пайваста, ҳар сол дар рӯзи тағйири вақт ба ин ва ё он тараф ҳазорҳо нафар аз сафару корҳои дигар бозмонда, худро ба шароити нав бо мушкилӣ мутобиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG