Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират барномаи фаъолияти худро зери унвони "Ибтикороти муҳоҷират барои соли 2008" ба табъ расондааст.

Дар он вазъи муҳоҷират дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ва зарурати рӯ овардани шумораи зиёди мардум ба муҳоҷирати корӣ дарҷ гардидааст. Бино ба ин гузориш, баъзе кишварҳо дар натиҷаи рушди сареъи иқтисод ба кишварҳои қабулкунанда ва кишварҳои дигар ба сабаби ақибмондагӣ ба кишварҳои содиркунандаи неруи корӣ ё муҳоҷирони корӣ табдил ёфтаанд. Дар ин миён Русия ва Қазоқистон, ки бештари муҳоҷирони кории тоҷикро пазируфтаанд, ҳам кишвари содиркунандаи неруи корӣ ва ҳам кишвари қабулкунанда дониста шудаанд.

Дар ин санад омадааст, ки муҳоҷирати корӣ ё мардикорӣ ҳам барои давлати Тоҷикистон ва ҳам барои аҳолии ин кишвар ба мавзуъи муҳим табдил ёфтааст. Бино ба ин гузориш, нодорӣ, камбуди ҷои кор ва мавқеъи ҷуғрофиёии Тоҷикистон, яъне дар бунбаст қарор доштан, омили муҳоҷиратро таҳрик мекунад ва ҳар сол шумораи қобили мулоҳизаи аҳолии қобили кор, ба вижа ҷавонон, ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷират мекунанд.

Чун ин муҳоҷират танзим намешавад, муҳоҷирон ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар кишвари мизбон аз суи афроди судхур мавриди қочоқ қарор мегиранд. Судхурон аз неруи кории онҳо суистифода мекунанд ва муҳоҷирон таҳқир мебинанд. Пойбандии Тоҷикистон ба судури неруи корӣ нишон медиҳад, ки рушди муназзами ин кишвар ба тавоноии ҳукумат дар заминаи истифодаи захираи неруи корӣ ва истифодаи сарчашмаҳои тиҷоратӣ дар дохил ва хориҷи кишвар вобаста аст.

Таҳлилҳову таҳқиқот ва афзоиши мунозираҳо дар солҳои ахир аз як сӯ ва нашри матолиб дар бораи муҳоҷирати корӣ аз сӯи дигар огаҳии муҳоҷиронро бештар кардааст ва он ба даромади онҳо низ асари мусбат гузоштааст. Аммо дар ин гузориш омадааст, ки системи беҳдошт дар Тоҷикистон дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад. Ба ин далел, сирояти бемории СПИД, бемориҳои ҷинсӣ ва силу варами ҷигар ё гепатит ҳамчунон хатаре барои аҳолии ин кишвар боқӣ мемонад. Ислоҳи чунин вазъ таваҷҷуҳи фаврӣ мехоҳад.

Ҳоло ҷониби Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ китобчаи беҳдоштӣ ё «медитсинская книжка» дуруст кардааст ва ҳар кас қабл аз муҳоҷират бояд аз муъоинаи тиббӣ бигзарад, то ин китобчаро дарёфт кунад. Ин кор дар ивази маблағи муайян анҷом мегирад. Абдулқодири Алавӣ, таҳлилгари тоҷик дар умури муҳоҷират, ки дар Маскав ба сар мебарад, мегуяд, чунин китобчаҳоро ҷониби Русия эътироф намекунад ва заҳмату пули муҳоҷир бар ҳадар меравад.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират навиштааст, яке аз пешрафтҳои солҳои ахир ин будааст, ки ин созмон тавонистааст, таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеъаро ба масъалаи қочоқи инсон ҷалб кунад. Вале ҳануз қочоқгарони инсон ва гоҳо ноогоҳ худи қочоқшудагон талош мекунанд барои ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ ин кори худро идома диҳанд. Барои ҷилавгирӣ аз ин падидаи номатлуб дар Тоҷикистон кумиссиюни байни вазоратҳо ташкил шудааст. Абдуқодири Алавӣ, таҳлилгари тоҷи, мегуяд, ҳоло муҳоҷирати корӣ барои аҳолии Тоҷикистон ба амри ногузир табдил ёфтааст. Вай меафзояд, «агар имруз тоҷикон дар ҷустуҷуи кор ба Русия наоянд, ба дигар кишварҳо нараванд, зиндагии имрузи худро низ аз даст медиҳанд».

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳар сол ҳудуди 600 ҳазор нафар дар хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд ва пулҳоеро, ки онҳо ба хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон мефиристанд, маблағи ҳангуфтро ташкил медиҳад. Масалан, тибқи маълумоти озмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар соли 2007 маблағи фиристодаи муҳоҷирони корӣ як миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст, ки он ба 20 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистон баробар аст. Созмони Ҷаҳонии муҳоҷират барои иҷрои барномаҳои худ дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ 4 миллиону 70 ҳазор доллар ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG